Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки бо қарорҳои дахлдори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2017 дар асоси моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 6, 10, 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаҳои ҶСП ТАҚХ “Самар”, ҶСП ТАҚХ “Вориси замон”, ҶСП ТАҚХ “Амлок” ва ҶСП ТАҚХ «Нисор Фом» бозхонд карда шуда, фаъолияти онҳо бинобар оғози расмиёти барҳамдиҳӣ қатъ карда шуданд.
Хазина баъди аз Бонки миллиии Тоҷикистон гирифтани нусхаи қарорҳои суд дар бораи муфлис эълон кардани ташкилотҳои қарзии мазкур, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” раванди пардохти ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар муҳлатҳои дар қонун зикргардида оғоз менамояд.