Вохӯрии Роҳбарияти Хазина бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ

Санаи 11 майи соли 2017 дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ вохӯри бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ ҷ-би Энгин Акчакоса (мушовир оид ба назорати бонкӣ) дар доираи барномаи кӯмаки техникии бахши молиявӣ баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки вохӯрии қаблӣ роҳбарияти Хазина бо ҷаноби Энгин Акчакоса санаи 23 ноябри 2016 сол баргузор гардида буд, ки дар он масъалаи ташкил намудани Кумитаи байниидоравии суботи молиявӣ ва иштироки Хазина дар он баррасӣ гардида буд. Айни замон ҷаноби Энгин Акчакоса барои гузаронидани ҷаласаи якуми Кумитаи байниидоравии суботи молиявӣ ба ҷумҳурӣ ташриф оварадааст. Дар рафти вохӯри ҷаноби Энгин Акчакоса изҳор намуд, ки иштироки Хазина дар Кумитаи байниидоравии суботи молиявӣ ҳатмист, зеро Хазина яке аз иштирокчиёни асосии низоми молиявии кишвар мебошад.

Дар навбати худ Раиси Хазина Ҳакимов А.А. ба ҷ-би Энгин Акчакоса барои тавсияҳои мушаххас изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз намуд, ки Хазина ҳамкориҳои судмандро бо дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар доираи Кумитаи байниидоравии суботи молиявӣ идома хоҳад дод.