Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки аз санаи 7 июни соли 2017 пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ташкилотҳои қарзии барҳамдодашудаи ҶСП ТАҚХ “Самар”, ҶСП ТАҚХ “Амлок”, ҶСП ТАҚХ “Нисор Фом”, ҶСП ТАҚХ “Вориси Замон” ва ҶСП ТАҚХ “Дафтари молиявӣ” оғоз намуд.
Пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ташкилотҳои номбаршуда дар шӯъбаҳои ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” воқеъ дар суроғаҳои шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев 148/1 ва дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи М. Аминзода 31 амалӣ карда мешавад.
Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро, метавонед тавассути телефони (+992) 44 600-32-45 дастрас намоед.
Views: 7