Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Коммерсбонки Тоҷикистон» ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ таҳти № 58 санаи 28 ноябри соли 2017 дохил карда шуда, ба он Тасдиқнома дар бораи узвият дода шуд.
Ҳамин тавр, айни замон шумораи ташкилотҳои қарзии узви Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба 45 адад расид, ки 15-тои он бонкҳо ва 30-тои он ташкилотҳои амонатии қарзии хурд мебошанд.
Views: 7