Дар бораи тағйирот дар Феҳристи низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки тибқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 07 декабри соли 2017 ҶДММ ТАҚХ “Диси Инвест” бо сабаби барҳамдиҳии ихтиёрӣ аз санаи 12 декабри соли 2017 аз Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ хориҷ карда шуд.
Ҳамин тавр, айни замон шумораи иштирокчиёни низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ 44 ташкилоти қарзиро дарбар мегирад, ки аз он 15 ададро бонкҳо ва 29 ададро ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ташкил медиҳанд.