Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба маълумоти пасандоздорони суғурташудаи ташкилотҳои қарзии барҳамдодашудаи ҶДММ ТАҚХ “Дастрас” ва ҶДММ ТАҚХ “Киропол Экспресс” мерасонад, ки аз санаи 15 феврали соли 2018 пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон оғоз мегардад.
Пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони суғурташудаи ҶДММ ТАҚХ “Дастрас” тавассути бонк-агент ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” ва ба пасандоздорони суғурташудаи ҶДММ ТАҚХ “Киропол Экспресс” тавассути бонк-агент БДА ҶТ “Амонатбонк” амалӣ карда мешавад.
Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро, метавонед тавассути телефони (+992) 44 600-32-45 дастрас намоед.
Views: 9