Вохӯрии Роҳбарияти Хазина бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ)

15 феврали соли 2018 дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар доираи баҳодиҳии меморандуми иқтисодии кишвар вохӯрии роҳбарияти Хазина бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) хонум Гоар Гюлумян (сариқтисодчӣ оид ба кишвар) ва ҷ-би Саумя Митра (мушовир) баргузор гардид.
Дар рафти вохурӣ Роҳбарияти Хазина ба меҳмонон оиди фаъолияти Хазина ва низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар Тоҷикистон маълумот дод. Аз ҷумла қайд гардид, ки низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мунтазам тараққӣ ёфта, айни замон 41 ташкилоти қарзӣ узви он мебошад. Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои пасандоздорон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҷониби ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ оиди беҳтар намудани сиёсати сармоягузорӣ ва таҳияи механизми қарзгирӣ ҳангоми касри Хазина тавсияҳо дода шуд.
Раиси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ Хакимов А.А. ба меҳмонон барои арзёбии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва тавсияҳои мушаххас изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз намуд, ки Хазина ҳамкориҳои судмандро бо Бонки Ҷаҳонӣ баҳри такмили низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ идома хоҳад дод.