ҶСП «Ардо-Капитал» ба низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ шомил гардид

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ардо-Капитал» ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ таҳти № 59 санаи 30 марти соли 2018 дохил карда шуда, ба он Тасдиқнома дар бораи узвият дода шуд.
Ҳамин тавр, айни замон шумораи ташкилотҳои қарзии узви Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба 42 адад расид, ки аз он 15 ададро бонкҳо ва 27 ададро ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ташкил медиҳад.