Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” мавриди амал қарор гирифт

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсон воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки санаи 9 августи соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор гирифт.

Тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздорон, дастгирии ташкилотҳои қарзӣ дар вазъи буҳрони молиявӣ, паст кардани хавфҳо ва зиёд намудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар равона гардидаанд.

Мутобиқи тағйиру иловаҳои воридшуда андозаи пардохтҳои тақвимии ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи пасандозҳои шахсони воқеӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ мувофиқан 0,1 фоиз ва 0,3 фоиз муқаррар карда шуд. Ғайр аз ин, андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои шахсони воқеӣ бо пули миллӣ аз 350 то 500 нишондиаҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда шуд.

Инчунин, оид ба масъалаи иштироки Хазина ҳангоми батанзимдарории ташкилотҳои қарзӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва мубодилаи иттилоот бо мақомоти танзимкунандаи ташкилотҳои қарзӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Вобаста ба ин, Хазина айни ҳол маҷмӯи чорабиниҳоро ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ва таҷдиди назар намудани тамоми санадҳои меъёрии дахлдори сохторӣ, баҳисобгирии пардохтпулиҳо, таҳлилу арзёбии сохтори пасандозҳо, инчунин бурдани корҳои фаҳмондадиҳиро ба ташкилотҳои қарзӣ андешида истодааст.