Вохӯрӣ бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор

14 сентябри соли 2018 дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) мулоқоти кории роҳбарияти Хазина бо ҳайати коршиносони Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ҷ-би Йохан Молин (сармутахассиси бахши молиявӣ) ва Санан Мирзаев (иқтисодчӣ) дар доираи ташрифи навбатии ҳайати расмии ХБА ҷиҳати роҳандозии барномаи нави ХБА бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ и.в. Раиси Хазина Ғафуров А.А. доир ба вазъи феълии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва масъалаҳои мубрам дар фаъолияти Хазина маълумот дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мунтазам тараққӣ ёфта, айни замон 41 ташкилоти қарзӣ узви он мебошад.

Инчунин, зимни мулоқот ҷонибҳо фикру андешаҳои худро оид ба мавзӯи тақвият бахшидани фаъолияти Хазина, густариш додани ҳамкориҳои судманд дар самти беҳтарнамоии низоми суғуртаи пасандозҳо, механизмҳои пардохти ҷубронпулӣ ҳангоми ба миён омадани ҳолати суғуртавӣ ва қарзгирӣ ҳангоми касри Хазина, ҳамчунин масъалаҳои дигари мавриди назари тарафайнро ибрози назар карданд.

Дар охир, и.в. Раиси Хазина Ғафуров А.А. ба меҳмонон барои арзёбии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва тавсияҳои мушаххас изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз намуд, ки Хазина ҳамкориҳои судмандро бо ХБА баҳри такмили низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ идома хоҳад дод.