Ташрифи ҳайати коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ

Аз санаи 5 то 12 октябри соли 2018 дар доираи лоиҳаи кӯмаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) ҳайати коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Тим Де Ван (роҳбари лоиҳа) ва ҷаноби Россен Николов (машваратчӣ) бо ташрифи навбатӣ қарор доштанд.

Мақсад аз ҳузури ҳайати коршиносон ин татбиқи қисмати навбатии лоиҳаи кӯмаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ “Оид ба баланд бардоштани сатҳи суғуртакунии пасандозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, дар он масъалаҳои муҳими соҳавӣ ҷиҳати пурзур  намудани фаъолияту иқтидори Хазина мавриди арзёбӣ қарор дода шуд.

Аз ҷумла, зимни ҳузури худ коршиносон оид ба масалаҳои андозаи ниҳоии маблағи Хазина ва усулҳои муайян намудани он, тартиби қонеъ гардонидани талаботи Хазина дар мавриди барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ ва механизми маблағгузории касри Хазина ҳангоми фаро расидани ҳолати суғуртавӣ, ҳамчунин масъалаҳои дигари мавриди назари тарафайнро таҳлил намуда, дар ин самт тавсияҳои мушаххаси хешро тибқи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ пешкаш намуданд.

Дар ҷараёни мулоқоти корӣ аз ҷониби и.в.Раиси Хазина Ғафуров А.А. доир ба вазъи феълии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, рафти иҷрои тавсияҳои қаблии ҳайат доир ба беҳтар намудани стратегияи сармоягузории Хазина, ҷойгиркунии маблағҳо, принсипҳои диверсификатсияи сандуқ, таҷдиди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ва дигар масъалаҳои дахлдори Хазина маълумот дода шуд.