Ҷаласаи аввалини Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 декабри соли 2018 ҷаласаи якуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа муқаррароти дохилӣ оид ба ташкили кори Шӯро тасдиқ гардида, дар рафти он масъалаҳо дар самти таъмини суботи молиявӣ, аз ҷумла омилҳои устувории молияи давлатӣ, заминаҳои макроиқтисодии муътадилии бозори асъор, вазъи низоми бонкӣ, фаъолияти Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва нақши он дар нигоҳ доштани суботи молиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бояд қайд кард, ки Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо баҳри коҳиш додани хавфҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №331, аз 21 июни соли 2018 таъсис дода шудааст.

Тибқи низомномаи Шӯро ба ҳайати он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯро, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини Раиси Шӯро, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон – котиби ҳамоҳангсоз, Раиси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҳамчун узви доимӣ ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси иштирокчии доимӣ ва нозири мустақили Шӯро шомил мебошанд.

(аз сомонаи БМТ 20.12.2018 с.)