Санаи 5 марти соли 2019 вохӯрии кории роҳбарияти Хазина бо намояндаи ХБА ҷ-би Йохан Молин (коршиноси ХБА), ки дар ҳайатинамояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон аз 4 то 14 марти соли 2019 бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот Раиси Хазина Ғафуров А.А. оид ба вазъи низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ шарҳи мухтасарро пешниҳод намуда, оиди тағйиру иловаҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ”, иштироки Хазина дар ҷаласаи аввали Шӯрои миллии суботи молиявӣ, раванди татбиқи лоиҳаи кумаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ “Оид ба такмили низоми суғуртакунии пасандозҳо” шинос намуд.
Дар навбати худ ҷ-би Йохан Молин аз натиҷаи ислоҳот дар низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати беҳтар намудани омодагии Хазина ба ҳолатҳои суғуртавӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ва таҳияи созишномаи маблағгузории захиравии Хазина ибрози назар намуд.
Дар интиҳои вохӯри роҳбарияти Хазина ба меҳмонон барои арзёбии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва тавсияҳои мушаххас изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз намуд, киҳамкориҳои судмандро бо ХБА баҳри такмили низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ идома хоҳад дод.