Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки санаи 09.04.2019 баъди интишори расмӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»» мавриди амал қарор гирифт.
Мутобиқи тағйиру иловаҳои воридшуда, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз пардохти боҷӣ давлатӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – аз рӯи даъвоҳои ситонидани ҳаққи узвият, пардохтҳои тақвимӣ ва ноустуворона аз ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина озод карда мешавад.
Вобаста ба ин, Хазина айни замон корҳои фаҳмондадиҳиро ба ташкилотҳои қарзӣ оид ба ворид намудани тағйирот дар қонунгузорӣ амалӣ намуда истодааст.
Views: 11