Ҷаласаи навбатии Шурои нозирон баргузор гардид

Ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) санаи 07 июни соли 2019 баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Хазина баррасӣ карда шуд. Аз он ҷумла, масъалаи зиёд гардидани уҳдадории бонкҳо дар назди Хазина, такмили сиёсати баҳисобгирии Хазина, лоиҳаи Созишномаи Хазина бо бонк агент ва лоиҳаи Созишнома байни Хазина ва Мудири махсуси ташкилоти қарзии мавриди барҳамдиҳии маҷбурӣ қарор дошта баррасӣ карда шуд. Шӯрои нозирон нисбати масъалаҳои мазкурро қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Шӯрои нозирон ба Раиси Хазина ҷиҳати пурзур намудани корҳои таблиғотӣ ва ташвиқоти ҷомеа оид ба низоми суғуртаи пасандозҳо, омодагӣ ба ҳолатҳои эҳтимолии суғуртавӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти амалиётию молиявии Хазина дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.