Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2019, № 67 мутобиқи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва моддаҳои 8, 9 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» фаъолияти ҶДММ ТАҚХ “Молия ва сармоя” тариқи барҳамдиҳии маҷбурӣ қатъ карда шуд.
Дар асоси қарори зикршуда, иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Молия ва сармоя”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд карда шуд.
Хазина ба пасандоздорони ҶДММ ТАҚХ “Молия ва сармоя” хотиррасон менамояд, ки пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки дар суратҳисобҳои пасандозӣ ва муҳлатнок ҷойгир мебошанд, аз ҷониби ташкилот дар Хазина суғурта карда шудааст. Дар ҳолати аз ҷониби суд қабул гардидани ҳалнома дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ Хазина ба пасандоздорони суғурташудаи ҶДММ ТАҚХ “Молия ва сармоя” ҷубронпулии суғуртаро пардохт менамояд.
Андозаи ҷубронпулӣ тибқи қонун муқаррагардида дар санаи ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ аз рӯи пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 27500 сомонӣ ва аз рӯи пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 19250 сомонӣ мебошад.
Маълумотнома:
Хазинаи суғурта пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) – бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандозорони ташкилотҳои қарзӣ соли 2004 таъсис дода шудааст. Хазина иҷрои уҳдадории ташкилотҳои қарзӣ – узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеиро оид ба пардохти ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ, ки дар суратҳисобҳои пасандозӣ (аз ҷумла дар кортҳои пардохтӣ, ҳисобҳои пасандозӣ ва муҳлатнок) ҷойгир мебошанд, дар сурати барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ таъмин менамояд. Айни замон 40 ташкилоти қарзӣ узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мебошанд.