ҶСП «Казкоммертсбонк Тоҷикистон» ба ҶСП «Халиқ Бонк Тоҷикистон» табдил ёфт

Дар асоси моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 7, 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, бинобар табдилдиҳии ҶСП “Казкоммертсбонк Тоҷикистон” ба ҶСП “Халиқ Бонк Тоҷикистон” аз 1 июли соли 2019 ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ҶСП “Халиқ Бонк Тоҷикистон” иҷозатнома барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд.

Мутобиқи қарори зикршуда Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ тағйирот ворид карда ба ҶСП “Халиқ Бонк Тоҷикистон” Тасдиқнома дар бораи узвият дар Хазинаро пешниҳод намуд.