Дар бораи пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ҶДММ ТАҚХ «Молия ва сармоя» ва ҶДММ ТАҚХ «Баракат»

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки аз санаи 26 августи соли 2019 пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ташкилотҳои қарзии барҳамдодашудаи ҶДММ ТАҚХ «Молия ва сармоя» ва ҶДММ ТАҚХ «Баракат» оғоз мегардад.
Пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ташкилотҳои номбаршуда дар саридораи ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев 148/1 амалӣ карда мешавад.
Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро, метавонед тавассути телефони (+992) 44 600-32-45 дастрас намоед.