Бо қарори Маҷлиси умумии саҳмиядорони ҶСК “Соҳибкорбонк” аз 12 июни соли 2019, бинобар ба бонки исломӣ табдил додани бонк, номи он ба ҶСК “Тавҳидбонк” иваз карда шуд.
Мутобиқи моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 4, 10, 12 ва 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ва бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2019, таҳти №116 ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тавҳидбонк”, барои анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.
Мутобиқи қисми 4, моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ташкилотҳои қарзии исломӣ иштирокчии низоми суғуртаи пасандозҳо намебошанд ва пасандозҳои дар ташкилотҳои қарзии исломӣ ҷойгиркардашуда дар низоми ананавии суғуртаи пасандозҳо суғурта карда намешаванд.
Вобаста ба ин, ҶСК “Соҳибкорбонк” аз Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви Хазина бароварда шуда, ҶСК “Тавҳидбонк” ҳамчун ташкилоти қарзии исломӣ ба низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ шомил нагардид.