Дар доираи лоиҳаи кӯмаки техникии Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ “Оид ба баланд бардоштани сатҳи суғуртакунии пасандозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташрифи навбатии коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Россен Николов ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) аз санаи 30 сентябр то 4 октябри соли 2019 баргузор гардид.
Мақсади ин ташриф аз татбиқи қисматҳои навбатии лоиҳаи мазкур иборат буда, дар рафти он масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ва таҳияи дастур оид ба ваколати нави Хазина “сандуқи пулӣ ҷамъ” иборат буд.
Зимни ҳузури худ коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ ҷ-би Россен Николов бо кормандони Хазина масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ва дар доираи Гуруҳи корӣ таҳияи дастур оид ба ваколати нави Хазинаро мавриди баррасӣ қарор дод. Ҷ-би Россен Николов нисбати масъалаҳои баррасишаванда ба кормандони Хазина бо назардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ тавсияҳои мушахасс пешниҳод намуд.