Маълумот дар бораи татбиқи лоиҳаи кӯмаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ дар Хазина

Аз санаи 11 то 20 ноябри соли 2019 дар доираи лоиҳаи кӯмаки техникии Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ “Оид ба баланд бардоштани сатҳи суғуртакунии пасандозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади татбиқи қисматҳои ниҳоии лоиҳаи мазкур ташрифи хотимавии коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Россен Николов ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) баргузор гардид.
Дар рафти татбиқи компонентҳои лоиҳа масъалаҳои марбут ба таҳия ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бахусус пешниҳоди тавсияҳо дар бораи таҳияи лоиҳаи дастур оид ба ваколати нави Хазина “сандуқи пулӣ ҷамъ”, ки паҳлуҳои иштироки Хазинаро дар раванди батанзимдарории ташкилотҳои қарзӣ пешбинӣ менамояд, таҳияи лоиҳаи Меморандуми ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазина, инчунин лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ва дигар қонунҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷониби коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ нисбат ба масъалаҳои баррасишуда тавсияҳо бо назардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ пешниҳод гардиданд.
Аз рӯи натиҷаи ҳамкорӣ бо коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ лоиҳаҳои пешакии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор омода карда шуд, ки онҳо аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ба таври расмӣ пешниҳод хоҳанд гардид.