Ширкати аудиторӣ ҷиҳати гузаронидани аудити берунаи Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ барои соли 2019 муайян гардид

Дар асоси моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ва қарори Шӯрои нозирони Хазина суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (Хазина) аз 12 декабри соли 2019, №17 номзадии ширкати аудитории ҶДММ “Консултант аудит” ҷиҳати гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии Хазинаи барои соли 2019 интихоб ва таъин карда шуд.
Тибқи қарори мазкур ба Раиси Хазина супориш дода шуд, ки бо ширкати аудитории ҶДММ “Консултант аудит” шартнома ҷиҳати гузаронидани аудити Хазина барои соли молиявии 2019 ба имзо расонида, пас аз гузаронидани аудит хулосаи ширкати аудиториро ба Шӯрои нозирони Хазина пешниҳод намояд.