Эълони гузаронидани тендер: Барои интихоби таҳвилгар ҷиҳати таҳияи видеоролики таблиғотӣ

Мавзӯи тендер: Таҳияи видеоролики таблиғотӣ оид ба фаъолияти Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ва нақши низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дар таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақсади видеоролики таблиғотӣ: Баланд бардоштани огоҳии оммаи васеъ дар бораи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, кафолати ҳифзи маблағҳои пулии шаҳрвандон дар бонкҳо ва мустаҳкам намудани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ.

Талабот ба видеоролик:

Давомнокӣ: то 1 дақиқа.

Забон: Забони тоҷикӣ.

Шакл (Формат): HD (1920×1080) ё формати дахлдори рақамӣ.

Услуб: Дастрас, фаҳмо, иттилоотонӣ, бо истифода аз таъсироти визуалӣ ва ё аниматсияи муосир (дар ҳолати зарурат), бояд барои аудиторияи васеъ равона карда шавад, бе истифодаи истилоҳоти мураккаб.

Мундариҷа: Видеоролик бояд тарзи кори низоми суғуртаи амонату пасандозҳоро равшан ва дастрас шарҳ диҳад, ки иштирокчии он киҳо шуда метавонанд, кадом амонату пасандозҳо суғурта карда мешаванд, маълумот дар бораи андозаи ҷубронпулӣ, ҷубронпулӣ чӣ тавр дар сурати барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ пардохт карда мешавад ва ғайра.

Садогузорӣ: Дубляжи касбӣ ба забони тоҷикӣ. Мусиқии ҳамроҳкунанда бояд ором ва ҷалбкунанда бошад.

 Талабот ба иштирокчиёни тендер:

Таҷрибаи сохтани видеоролик барои аудиторияи васеъ, аз ҷумла наворҳои дорои аҳамияти иҷтимоидошта.

Мавҷудияти портфели корӣ (портфолио) бо мисолҳои корҳои шабеҳ.

Мавҷудияти захираҳои техникии зарурӣ ва мутахассисони баландихтисос.

Супурдани видеоролик дар муҳлатҳои мувофиқашуда.

Тартиби пешниҳоди дархостҳо:

Дархостҳо дар тендер, ки пешниҳоди арзиш, муҳлатҳои иҷро ва тавсифи муфассали роҳи амалигардониро дар бар мегиранд, бояд то 14.05.2025 сол пешниҳод карда шаванд.

Дархостҳо бояд ба суроғаи электронӣ: info@dif.tj ирсол карда шаванд.