Хазина дар музоядаҳои фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ иштирок намуд

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади таъмини фаъолияти босамари сармоягузории маблағҳои озоди худ Хазина санаи 15 октябри соли 2024 дар музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати молия тавассути ҶСП “Биржаи фондии Осиёи марказӣ” гузаронида шуд, иштирок намуда, аз рӯи натиҷаҳои он дархости Хазина мувофиқан қонеъ карда шуд.

Вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати молия дар ҳаҷми 60 млн. сомонӣ бо муҳлатнокии 181 – рӯза ва бо фоизи бозории то 8 фоизи солона бароварда шуда буданд.

Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили бозори самараноки коғазҳои қиматноки давлатӣ тавассути баргузории музоядаҳои бо шарту шароити рақобатнок бевосита ҳамчун яке аз чораҳои калидӣ дар самти рушд додани бозори сармоя ва ба ин васила бахши молиявии иқтисодиёти кишвар, арзёбӣ мегардад.

Дар навбати худ Хазина, ки дар низоми молиявӣ ба сифати сармоягузори институсионалӣ баромад менамояд, аз тадбирҳои сари вақт андешидашавандаи ниҳоди фискалии кишвар истиқбол гирифта, минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки саҳми худро дар рушди нумӯи бозори сармоя гузорад.