Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади таъмини фаъолияти босамари сармоягузории маблағҳои озоди худ Хазина санаи 26 сентябри соли 2024 дар музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ (Вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҶСП “Биржаи фондии Осиёи марказӣ” гузаронида шуд, иштирок намуда, аз рӯи натиҷаи он дархости Хазина ба маблағи 22,0 млн. сомонӣ мувофиқан қонеъ карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки коғазҳои қиматноки давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 87,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла 50,0 млн. сомонӣ бо муҳлатнокии 181 рӯз (рақами барориш — D181100325), 22,8 млн. сомонӣ бо муҳлатнокии 84 рӯз (рақами барориш — D181071224) ва 15,0 млн. сомонӣ бо муҳлатнокии 109 рӯз (рақами барориш — D1811080125), бо фоизҳои бозории то 8,0 фоизи солона бароварда шуданд.