30 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!

30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!

Ҳамватанони гиромиқадр!

Дар остонаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҳамаи Шуморо бо  фарорасии ин рӯйдоди бузургу тақдирсози миллатамон самимона табрику муборакбод мегӯяд!

Санаи 9-уми сентябр дар таъриху тамаддуни муосири сарзамини кӯҳанбунёдамон бо хатҳои заррин ҳамчун рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шуда, ҳар як фарди ватани азизамон ин дастоварди бузургу муқаддасро бо ҳисси ифтихори миллӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ арҷгузорӣ ва истиқбол менамояд.

Дар воқеъ барои ҳар миллат истиқлолияту озодии ватан бузургтарин сарват ва нодиртарин неъмат буда, арзиши он бебаҳост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, моро пайваста барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ менамоянд.

Имрӯзҳо мо дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Сӣ сол муқаддам мардуми мо ба бунёди давлату давлатдорӣ ва эҳёи суннату арзишҳои миллии хеш сазовор гардида, давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон шинохта шуд.

Дар тӯли сӣ соли даврони истиқлолият дар баробари мустаҳкам гардидани заминаҳои давлатдорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва талошу заҳматҳои Пешвои миллат якчанд марҳилаҳои ташаккулёбӣ ва инкишофи худро аз сар гузаронида, дар натиҷа сиёсати дохилию хориҷии давлат устувор карда шуд, ҳадафу афзалиятҳои рушди кишвар муайян ва пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз он ҷумла истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ таъмин гардида, марҳилаи бунёдкорию созандагӣ босуръат ҷараёни худро идома дода истодааст.

Бо шарофати истиқлолият рушди низоми бонкии кишвар ҳамчун омили муҳими ба афзоиши рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидаткунанда мунтазам таҳким ёфта, дастовардҳо дар самти татбиқи сиёсати пайгиронаи макроиқтисодӣ, суботи молиявӣ, таҳкими низомҳои пулию пардохтӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои муассири бонкӣ, афзоиши ҷалби пасандоз ва маблағгузориҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар таъмин гардид. Ҳамзамон, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун танзимкунандаи низоми бонкӣ ислоҳоти ҷиддии соҳаи бонкӣ ва қонунгузории он гузаронида шуда, пояҳои танзиму назорати ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар асоси таҷрибаи муваффақи ҷаҳонӣ тақвият гардид.

Дар ин раванд, бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон ва баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҳамчун яке аз иштирокчиёни муҳими низоми молиявии кишвар таъсис дода шуда, дар ин асос Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” мавриди амал қарор гирифт.

Тавре Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар паёми солонаи худ қайд карда буданд, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” кафолати давлатиро ба пасандозҳои шахсони воқеӣ дар назар дошта, он мустақиман ба таъмини рушди устувор ва суботи молиявии низоми бонкӣ равона гардидааст.

Хазина баҳри ноил гардидан ба мақсадҳои вогузоршуда фаъолияти низоми  суғуртаи пазандозҳои шахсони воқеиро танзим намуда, ҷиҳати пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ тадбирҳои муассир андешид. Ба ин васила Хазина сиёсати давлатро дар самти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои пасандоздорон баҳри таъмини устувории низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамояд.

Бешубҳа ҳамаи ин дастовардҳо аз самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегиранд. Бигузор истиқлолияти давлатамон пояндаву ҷовид бошаду, дар сарзамини азизи мо ва дар ҳар як хонаводаи мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша шукуфоӣ, сулҳу ваҳдат ва файзу баракат ҳукмрон бошад!

Фарорасии ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!