Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон бо мақсади таъмини шаффофият ва баланд бардоштани сатҳи маълумотдиҳӣ дар раванди фаъолияти доимӣ, мунтазам маводи иттилоотӣ-таҳлилии “Шарҳи вазъи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо”-ро омода ва пешниҳоди ҷомеа мегардонад.
Дар маводи мазкур маълумот оид ба иштироки ташкилотҳои қарзӣ дар низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, ҳаҷми умумии пасандозҳои суғурташуда ва сохтори он, шумораи пасандоздорони суғурташуда, аз ҷумла ҳиссаи пасандоздорони пурра суғурташуда, сохтор ва ҳаҷми уҳдадории суғуртавии Хазина оварда шудааст. Илова ба ин, дар шарҳ иттилоот оид ба ҳолатҳои суғуртавӣ дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина, фаъолияти сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои асосии молиявии Хазина дар давраи ҳисоботӣ низ инъикос ёфтааст.
Бинобар ин, муфассалтар метавонед аз маводи навбатии “Шарҳи вазъи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дар семоҳаи 4 соли 2025” маълумоти дахлдорро гиред.
Барои маълумот:
Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо — ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина аз ҷониби Хазина ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд.
Ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ – узви Хазина ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пасандоздорон ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ дошта, Хазина кафолат медиҳад, ки маблағи суғурташудаи пасандоздоронро дар доираи андозаи муқарраркардаи Қонун, ҷуброн менамояд.
- Маркази тамос:
(+992) 44 600-66-00 - Еmail:
info@dif.tj - Сомонаи Хазина:
www.dif.tj - Фейсбук: Deposit Insurance Fund Tajikistan
- Телеграм:
t.me/DIFtj