ФАРОРАСИИ ИДИ РАМАЗОН МУБОРАК!

ФАРОРАСИИ ИДИ РАМАЗОН МУБОРАК!

Ҳамдиёрони азиз!

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон Шуморо бо фарорасии Иди саиди Фитр самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо зиндагии босаодат, файзу баракати рӯзгор, хушбахтиву некрӯзӣ ва хони пур аз неъмат орзу менамояд!

Бигзор ҳама дуову орзуҳои неки Шумо амалӣ гарданд, ваҳдату ҳамдилии мардум боз ҳам мустаҳкамтар шавад ва осмони кишвари азизамон ҳамеша софу беғубор боқӣ монад!

Иди саиди Фитр муборак!


Барои маълумот:

Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо — ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина аз ҷониби Хазина ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд.

Ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ – узви Хазина ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пасандоздорон ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ дошта, Хазина кафолат медиҳад, ки маблағи суғурташудаи пасандоздоронро дар доираи андозаи муқарраркардаи Қонун, ҷуброн менамояд.


Барои тамос: