Соли нави мелодии 2026 муборак!

Соли нави мелодии 2026 муборак!

Ҳамватанони гиромӣ!

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон Шуморо аз самими дил бо фарорасии Соли нав табрик менамояд!

Бигзор соли 2026 барои шумо соли бобарор ва пурсамар бошад, соли имкониятҳо ва дастовардҳои нав, пур аз рӯйдодҳои дурахшон ва корҳои нек.

Ба шумо хушбинӣ, фаровонӣ ва субот, шукуфоӣ ва неруи беинтиҳо самимона орзумандем.

Бигзор дар ҳама корҳоятон бахту комёбӣ ҳамқадам бошад ва дар Соли нав ҳамаи орзуҳоятон амалӣ гарданд!

Ба шумо саломатии бардавом, осоиши оилавӣ ва хушбахтӣ дар Соли нав орзумандем!

Бори дигар Соли нави мелодӣ муборак, Ҳамватанони азиз!


Барои маълумот:

Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо — ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина аз ҷониби Хазина ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд.

Ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ – узви Хазина ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пасандоздорон ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ дошта, Хазина кафолат медиҳад, ки маблағи суғурташудаи пасандоздоронро дар доираи андозаи муқарраркардаи Қонун, ҷуброн менамояд.


Барои тамос: