Семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии пасандозҳо»

Семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии пасандозҳо»

Санаи 28 октябри соли 2025 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии пасандозҳо» дар мавзӯи «Такмили низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ» баргузор гардид.

Дар семинари мазкур устодону донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок карда, оид ба масъалаҳои мубрами рушди низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ва механизмҳои ҳифзи дороиҳои молиявии шаҳрвандон дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ табодули афкор намуданд. Ҳадафи семинар муайян кардани мушкилот ва имкониятҳо барои таҳкими субот ва эътимод ба низоми бонкӣ буд.

Иштирокчиёни семинар ба зарурати мутобиқсозии низомҳои мавҷудаи суғуртаи амонату пасандозҳо ба воқеиятҳои нав, ки аз рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва пайдоиши маҳсулоти нави молиявӣ бармеоянд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Масъалаҳои такмили системаи иттилоотӣ ва амнияти киберӣ, автоматикунонии раванди ҷубронпулии амонату пасандозҳои суғурташуда, танзими дороиҳои рақамӣ, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳою қарорҳои инноватсионӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти равандҳои суғурта баррасӣ шуданд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ тавсияҳои амалӣ таҳия карда шуданд, ки ба таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар ва таъмини рушди устувори он дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ нигаронида шудаанд.



Барои маълумот:

🛡️ Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо — ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина аз ҷониби Хазина ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд.


Ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ – узви Хазина ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пасандоздорон ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ дошта, Хазина кафолат медиҳад, ки маблағи суғурташудаи пасандоздоронро дар доираи андозаи муқарраркардаи Қонун, ҷуброн менамояд.

Барои тамос: