Дӯстони азиз!
Шумо метавонед дараҷаи дониши ибтидоии худро оид ба моҳияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ва фаъолияти Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд – Хазина) тавассути пурсишномаи тестии мо санҷед.
Пурсишномаи мазкур ҷиҳати баҳодиҳии огоҳии аҳолӣ аз фаъолияти Хазина бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу маърифати аҳли ҷомеа таҳия шудааст.
Пурсишнома танҳо саволҳои калидиро дар бораи мафҳумҳои асосии суғурта гардидани амонату пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзӣ – узви Хазина бо се ҷавоби имконпазир дар бар мегирад, ки танҳо яке аз онҳо дуруст аст.
Вақте ки шумо ба ҳама саволҳо ҷавоб медиҳед, шумо метавонед натиҷаи ниҳоии ҷавобҳои худро ва ба кадом саволҳо дуруст ҷавоб додаед ё не, бинед. Шумо инчунин шарҳи мухтасари ҷавоби дуруст ба ҳар як саволро дар зери он мегиред.
Пурсишнома ба шумо ҳам барои арзебӣ ва ҳам васеъ кардани дониши ибтидоиатон оид ба нақш ва фаъолияти Хазина ва низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дар Тоҷикистон кӯмак мекунад. Умедворем, ки ба ин васила дараҷаи фаҳмиши шумо оида ба кору фаъолияти Хазина зиёд мегардад.
Пурсишномаи мазкур беном аст, яъне пур кардани он бо ҷамъоварии ягон маълумоти шахсии шумо алоқаманд нест.
Тест: дониши худро оид ба низоми суғуртаи амонату пасандозҳо санҷед
Барои маълумот:
Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо — ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина аз ҷониби Хазина ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд.
Ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ – узви Хазина ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пасандоздорон ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ дошта, Хазина кафолат медиҳад, ки маблағи суғурташудаи пасандоздоронро дар доираи андозаи муқарраркардаи Қонун, ҷуброн менамояд.
Барои тамос:
- Маркази тамос:
(+992) 44 600-66-00
- Еmail:
info@dif.tj
- Сомонаи Хазина:
www.dif.tj
- Фейсбук: Deposit Insurance Fund Tajikistan
- Телеграм:
t.me/DIFtj