Ҳамасола санаи 31 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо (World Savings Day) таҷлил мегардад, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани саводнокии молиявӣ дар ҷомеа, ташаккули фарҳанги банақшагирии молиявӣ, инчунин тарғиби пасандозкунӣ, ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба нақши муҳими пасандозҳо дар беҳбуди зиндагӣ ва ҳавасмангардонии амонатгузорӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебошад.
Аҳамияти пасандоз ва амонатгузорӣ
Амонату пасандоз — ин на танҳо маблағе мебошад, ки шахс дар бонк нигоҳ медорад. Он рамзи масъулият, дурбинӣ, суботи молиявӣ ва сармоягузорӣ ба некӯаҳволии худ ва наслҳои оянда мебошад.
Дар шароити муосир сарфа ё пасандозкунӣ ба ҳар шахс барои мақсадҳои зерин кӯмак мекунад:
– Ташаккули одати пасандозкунӣ. Пасандозкунӣ барои инкишофи интизому масъулияти молиявӣ мусоидат намуда, ҷиҳати идоракунии беҳтари буҷети молиявии худӣ ва канора гирифтан аз қарзгирии нолозим кӯмак мерасонад.
– Ташкили захираҳои молиявӣ, яъне ба истилоҳ “болишти бехатарии молиявӣ”. Мавҷудияти маблағҳои захиравӣ барои бардошти хароҷотҳои ғайричашмдошт, аз қабили хароҷотҳои тиббӣ, ҳолатҳои фавқулодда ё муваққатан бекор мондан, кӯмак мерасонад. Бо ин мақсад, коршиносон барои доштани маблағҳои захиравӣ, ки ба 3-6 моҳи хароҷотҳои оилавӣ баробар аст, тавсия медиҳанд.
– Ноилгардӣ ба ҳадафҳои молиявӣ. Пасандозҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои гуногуни зиндагӣ кор меоянд, аз ҷумла харид ё таъмири хона, мошин, таълими фарзандон, саёҳат ва ғайра. Банақшагирии дуруст, ҷамъ ва пасандоз намудани маблағ минбаъд аз гирифтани қарзи зиёдатӣ ва сарбории молиявӣ низ бевосита эмин медорад.
– Сармоягузорӣ барои оянда. Мунтазам пасандоз намудани маблағҳои озоди худ метавонанд барои сармоягузории ба коғазҳои қиматнок (саҳмия, вексел, вомбарг), амволи ғайриманқул ва дигар воситаҳои молиявии боэътимод, ки барои дар оянда андӯхт ва зиёд намудани маблағҳои озод мусоидат менамояд, истифода бурда шавад.
Нақши ташкилотҳои қарзӣ дар ҷалби пасандозҳо
Аҳамияти бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд дар афзун намудани ҳаҷми пасандозҳо, бахусус тавассути ҷалби пасандозҳои аҳолӣ, ки дар ташкилотҳои қарзӣ суратҳисоби бонкӣ надоранд, зиёд мебошад. Бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд дар ин раванд бо пешниҳоди доираи васеи маҳсулотҳои амонату пасандозӣ, гузаронидани чорабиниҳо ва паҳнкунии маълумот дар бораи хизматрасониҳои худ, мизоҷон ва аҳолиро барои пасандозкунӣ ҳавасманд менамоянд.
Дар сатҳи маҷмуӣ пасандозкунӣ ба рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад, зеро чӣ қадаре ки аҳолӣ маблағҳои худро дар ташкилотҳои қарзӣ зиёдтар пасандоз намояд, ҳамон қадар заминаи захиравии бонкҳо зиёд ва барои маблағгузориҳои қарзӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт (соҳибкорӣ, сохтмон, инфрасохтор) равона мегардад.
Нақши Хазина дар ҳимояи пасандоздорон
Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои махсуси низоми молиявии кишвар мебошад, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон, таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ба суботи низоми молиявӣ, фаъолият мекунад.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина аз ҷониби Хазина ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд.
Суғуртаи амонату пасандозҳо барои пасандоздорон пурра ройгон мебошад ва шартномаи махсуси суғуртаро талаб намекунад – тамоми хароҷоту чорабиниҳо ба уҳдаи худи ташкилотҳои қарзӣ ва Хазина вогузор шудааст.
Ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ – узви Хазина ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пасандоздорон ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ дошта, Хазина кафолат медиҳад, ки маблағи суғурташудаи пасандоздоронро дар доираи андозаи муқарраркардаи Қонун, ҷуброн менамояд.
Саводнокии молиявӣ ва қобилияти идора кардани маблағҳои худ аз омилҳои калидие мебошанд, ки ба ҳар фард барои ноил гардидан ба мақсад ва дар оянда таъмини устувории молиявии худ хизмат мерасонанд.
Дар соли ҷорӣ аз ҷониби Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии узви Хазина бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо як қатор чорабиниҳои баландбардории саводнокии молиявӣ, аз ҷумла маъракаҳои иттилоотӣ дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аксия ва озмунҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳои таълимӣ доир мегарданд.
Дар онҳо ба моҳияти амонату пасандозҳо, аҳамияти банақшагирии молиявӣ ва идоракунии молиявии шахсӣ, истифодаи босамари маблағҳои пулӣ ва буҷети оилавӣ, дар бораи афзалиятҳо ва хусусиятҳои суғуртаи амонату пасандозҳо, суғурта гардидани амонату пасандозҳои пасандоздорон аз ҷониби Хазина, ваколат ва вазифаҳои Хазина, сатҳи фарогирии суғуртаи амонату пасандозҳо, андозаи ҷубронпулӣ ва ғайра диққати асосӣ равона карда мешавад.
Рӯзи ҷаҳонии пасандозҳо на фақат барои андеша намудан оиди молияи худ, балки имконият барои гирифтани донишу иттилооте, ки вазъи молиявиро беҳтар месозанд, кӯмак мерасонад. Муҳиман бояд дар хотир дошт, ки ҳатто он маблағҳои хурде, ки мунтазам барои пасандозкунӣ равона мешаванд, билохир метавонанд ба натиҷаҳои молиявии назаррас оварда расонанд. Чуноне ки мегӯянд “қатра қатра ҷамъ шавад, дарё шавад”.
Маълумоти муфид: Асосҳои маърифати молиявӣ↗ | Дастури пасандоздорон↗ | FAQs↗