Сатҳ ва фарогирии ҷуброни суғурта
Амонату пасандозҳои пасандоздорон аз ҷониби Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд. Мутобиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” (Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” аз 15.03.2023с., №1961) ба пасандоздорон – шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, инчунин шахсони ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дохил мешаванд. Амонату пасандозҳои пасандоздорон бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, ки дар суратҳисобҳои пасандозӣ, муҳлатнок ё дар кортҳои бонкии ташкилоти қарзӣ гузошта шудаанд ва бо шартномаҳои пасандози бонкӣ ва (ё) суратҳисобҳои бонкии кортҳои музди меҳнат ва пардохтҳои нафақавӣ ва (ё) дафтарчаҳои амонатӣ тасдиқ карда мешаванд, объекти ҳатмии суғурта мебошанд. Дар баробари ин, ба объекти ҳатмии суғурта инҳо дохил намешаванд:
- ҳисобҳои металлии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- маблағҳои пулӣ ва дороиҳои дар қуттиҳои сейфии бонкӣ гузошташуда;
- сертификатҳои бонкӣ;
- суратҳисобҳои амонату пасандозии шахсони ҳуқуқӣ, ба истиснои субъектҳои соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ;
- суратҳисобҳои амонату пасандозии дар ташкилотҳои қарзии исломӣ кушодашуда;
- маблағҳои электронӣ;
- суратҳисобҳои амонату пасандозие, ки ҳуқуқ ба онҳо ба шахсони дигар дар асоси шартномаи берун аз ташкилоти қарзӣ басташуда дода мешавад;
- суратҳисобҳои амонату пасандозие, ки дорандаи ҳуқуқи ихтиёрдории он дар ташкилоти қарзӣ муайян нест.
Суғуртаи пасандозҳо барои пасандоздорон пурра ройгон мебошад ва шартномаи махсуси суғуртаро талаб намекунад – тамоми хароҷоту чорабиниҳо ба уҳдаи худи ташкилотҳои қарзӣ ва Хазина монда шудааст. Маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон ба таври автоматӣ суғурта шуда, дар сурати фарорасии ҳолати суғуртавӣ ҷуброни пули он аз ҷониби Хазина пардохт карда мешавад.
Ҳамин тариқ, ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ фаро расидани ҳолати суғуртавӣ, пасандоздорон ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ доранд.
Ҳолати суғуртавӣ чист?
Ҳолати суғуртавӣ – барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд бе асосҳои муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”, ки сабаби ба вуҷуд омадани уҳдадории Хазина оид ба ҷуброни пули суғурта ба пасандоздорони ташкилоти қарзии муфлисшуда мегардад.
Андозаи ҷубронпулии суғурта
Ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, Хазина ба пасандоздорон маблағи пасандозҳои дар ташкилоти қарзӣ суғурташударо дар доираи андозаи бо қонун муқарраркардаи ҷубронпулӣ пардохт менамояд*.
Мутобиқи Қонун андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи амонату пасандозҳои суғурташуда на бештар аз 35 000 сомонӣ мебошад.
Бо тартиби муқаррарнамудаи Қонун андозаи ҷубронпулии суғурта чунин муқаррар карда мешавад:
– Агар пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳисоби амонату пасандозӣ дошта бошад, он гоҳ ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста шуда, ҷубронпулӣ дар асоси андозаи умумии маблағи дар суратҳисобҳои амонату пасандозӣ мавҷудбуда ва на зиёда аз 35 000 сомонӣ пардохт карда мешавад;
– Агар ҳолати суғуртавӣ дар якчанд ташкилоти қарзӣ фаро расад, ки дар онҳо пасандоздор суратҳисобҳои амонату пасандозӣ дорад, он гоҳ андозаи ҷубронпулии суғурта барои ҳар як ташкилоти қарзӣ алоҳида ҳисоб карда мешавад.
Фоизҳои амонату пасандозҳо аз ҷониби Хазина ҷуброн карда намешаванд. Агар тибқи шартномаи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ сармоякунонии фоизҳо пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ ҷубронпулӣ аз рӯйи маблағи бақияи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ пардохт карда мешавад
Пасандозҳое, ки бо пули миллӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд. Пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқаррар карда шудааст, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд.
* – Эзоҳ: Агар маблағи пасандоздор аз андозаи ҷуброни суғурта зиёд бошад, пас дар ин ҳолат боқимондаи маблағи пасандозҳо аз ҷониби мудири махсус (барҳамдиҳанда)-и ташкилоти қарзии муфлисшуда тибқи тартиби дар қонунгузорӣ муқарраршуда, пардохт карда мешавад.
Ҳамзамон, ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ ҷубронпулӣ аз рӯи амонату пасандозҳои зерин пардохт карда намешавад:
- амонату пасандозҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд ё аз ҷониби суд ҳабс карда шудаанд;
- амонату пасандозҳое, ки аз рӯи хулосаи Бонки миллии Тоҷикистон вазъи молиявии ташкилоти қарзиро бад кардаанд;
- амонату пасандозҳои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун муайян шудаанд, инчунин шахсоне, ки дар давоми соли охир то барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ чунин вобаста ҳисобида мешуданд;
- амонату пасандозҳои шарикони ширкати аудиторӣ, ки ба сифати аудиторҳои ташкилоти қарзӣ дар соли тақвимӣ пештар аз таърихи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҷалб шуда буданд;
- амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки беш аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзиро бо гирифтани манфиат дар ихтиёр доранд;
- амонату пасандозҳое, ки дар филиалҳои хориҷии ташкилоти қарзӣ ҷойгир карда шудаанд;
- амонату пасандозҳои баробар ба ҳар гуна маблағи қарзи пардохтнашудаи пасандоздор дар назди ташкилоти қарзӣ;
- амонату пасандозҳо ба маблағи камтар аз 10 сомонӣ.