Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо чист?

Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо – ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст.

Асосҳои фаъолияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” танзим карда мешавад.

Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ҷуброни маблағҳои пулии пасандоздоронро ҳангоми барҳамхӯрии ташкилоти қарзӣ – иштирокчии низоми мазкур, кафолат медиҳад. Бо мақсади таъмини самаранокии низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон фаъолият менамояд. Хазина шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, мақсади асосиаш ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, мақсадҳои дигари Хазина аз мусоидат ба нигоҳдории суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, иборат мебошад.

Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорон ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ тибқи андозаи дар Қонун муқарраршуда пардохт менамояд, феҳристи ташкилотҳои қарзӣ – узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳоро пеш мебарад, баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии пардохтҳоро аз ташкилотҳои қарзӣ амалӣ менамояд, инчунин дигар вазифаҳоро, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои Хазина заруранд, иҷро мекунад.