Пасандоз/амонат дар як ташкилоти қарзӣ
Бо сомонӣ
Бо асъори хориҷӣ
Асъорро интихоб намоед
Қарз дар ҳамон ташкилоти қарзӣ
Асъорро интихоб намоед
Маблағи ҷубронпулии суғурта
Бақияи амонат/пасандоз баъди пардохти ҷубронпулии суғурта
Эзоҳ:
1. Агар маблағи ҳамаи суратҳисобҳои амонату пасандоз (дархостӣ, пасандозӣ, муҳлатнок, корт) бо пули миллӣ ва ё асъори хориҷӣ:
– баробар ё зиёда аз 35 000 сомонӣ бошад, он гоҳ маблағи ҷубронпулии суғурта новобаста аз маблағи амонату пасандоз ба 35 000 сомонӣ бо тарҳи маблағи қарзи пасандоздор (агар чунин қарз бошад) баробар мешавад;
– аз 35 000 сомонӣ камтар бошад, он гоҳ маблағи ҷубронпулии суғурта ба ҳаҷми маблағи амонату пасандоз бо тарҳи маблағи қарзи пасандоздор (агар чунин қарз бошад) баробар мешавад;
2. Агар пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳисоби амонату пасандозӣ дошта бошад, он гоҳ ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста шуда, ҷубронпулӣ дар асоси андозаи умумии маблағи дар суратҳисобҳои амонату пасандозӣ мавҷудбуда ва на зиёда аз 35 000 сомонӣ пардохт карда мешавад;
3. Фоизҳои амонату пасандозҳо аз ҷониби Хазина ҷуброн карда намешаванд. Агар тибқи шартномаи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ сармоякунонии фоизҳо пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ ҷубронпулӣ аз рӯйи маблағи бақияи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ пардохт карда мешавад;
4. Агар ҳолати суғуртавӣ дар якчанд ташкилоти қарзӣ фаро расад, ки дар онҳо пасандоздор суратҳисобҳои амонату пасандозӣ дорад, он гоҳ андозаи ҷубронпулии суғурта барои ҳар як ташкилоти қарзӣ алоҳида ҳисоб карда мешавад;
5. Амонату пасандозҳое, ки бо пули миллӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд. Амонату пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, аз рўи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рўзи ба вуқўъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқаррар карда шудааст, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд.