Андозаи ҷубронпулии суғурта
Ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, Хазина ба пасандоздорон маблағи амонату пасандозҳои дар ташкилоти қарзӣ – узви Хазина суғурташударо дар доираи андозаи муқарраршуда, ҷуброн менамояд.
Андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи амонату пасандозҳои суғурташуда барои як пасандоздор дар як ташкилоти қарзӣ на бештар аз 35 000 сомонӣ (сию панҷ ҳазор) муқаррар карда шудааст.
Бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” (моддаи 22) андозаи болозикри ҷубронпулии суғурта чунин ҳисоб ва пардохт карда мешавад:
- Агар пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳисоби амонату пасандозӣ дошта бошад, он гоҳ ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста шуда, ҷубронпулӣ дар асоси андозаи умумии маблағи дар суратҳисобҳои амонату пасандозӣ мавҷудбуда ва на зиёда аз 35000 сомонӣ пардохт карда мешавад.
- Агар ҳолати суғуртавӣ дар якчанд ташкилоти қарзӣ фаро расад, ки дар онҳо пасандоздор суратҳисобҳои амонату пасандозӣ дорад, он гоҳ андозаи ҷубронпулии суғурта барои ҳар як ташкилоти қарзӣ алоҳида ҳисоб карда мешавад.
- Амонату пасандозҳое, ки дар суратҳисоби муштараки ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳамчун як амонату пасандоз дониста мешаванд ва ҷубронпулии суғурта ба соҳибони суратҳисоби амонату пасандоз бо ҳиссаҳои баробар ё ҳиссаҳое, ки байни онҳо мувофиқа шудааст, пардохт карда мешавад. Агар соҳиби суратҳисоби муштараки амонату пасандоз дар ташкилоти қарзӣ ҳисоби дигари амонату пасандоз дошта бошад, он гоҳ маблағи ҳиссаи пасандоздори амонату пасандози муштарак бо маблағи дигари ҳисоби амонату пасандоз якҷоя карда, ҳамчун як амонату пасандоз дониста мешавад.
- Амонату пасандозҳое, ки бо пули миллӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд. Пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқаррар карда шудааст, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд.
- Фоизҳои амонату пасандозҳо аз ҷониби Хазина ҷуброн карда намешаванд. Агар тибқи шартномаи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ сармоякунонии фоизҳо пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ ҷубронпулӣ аз рӯйи маблағи бақияи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ пардохт карда мешавад.
* – Эзоҳ: Агар маблағи пасандоздор дар ташклоти қарзии барҳамхӯрда аз андозаи ҷубронпулии суғурта зиёд бошад, дар ин ҳолат пас аз гирифтани ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои суғурташуда, боқимондаи маблағи пасандоздор аз ҷониби мудири махсус (барҳамдиҳанда)-и ташкилоти қарзии муфлисшуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни ҶТ “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” пардохт карда мешавад.
Ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ ҷубронпулӣ аз рӯи амонату пасандозҳои зерин пардохт карда намешавад:
- амонату пасандозҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд ё аз ҷониби суд ҳабс карда шудаанд;
- амонату пасандозҳое, ки аз рӯи хулосаи Бонки миллии Тоҷикистон вазъи молиявии ташкилоти қарзиро бад кардаанд;
- амонату пасандозҳои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун муайян шудаанд, инчунин шахсоне, ки дар давоми соли охир то барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ чунин вобаста ҳисобида мешуданд;
- амонату пасандозҳои шарикони ширкати аудиторӣ, ки ба сифати аудиторҳои ташкилоти қарзӣ дар соли тақвимӣ пештар аз таърихи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҷалб шуда буданд;
- амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки беш аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзиро бо гирифтани манфиат дар ихтиёр доранд;
- амонату пасандозҳое, ки дар филиалҳои хориҷии ташкилоти қарзӣ ҷойгир карда шудаанд;
- амонату пасандозҳои баробар ба ҳар гуна маблағи қарзи пардохтнашудаи пасандоздор дар назди ташкилоти қарзӣ;
- амонату пасандозҳо ба маблағи камтар аз 10 сомонӣ.