Бисту чор сол муқаддам 6-уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, яъне бевосита аз ҷониби худи халқ бо дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаи кишвар бо майлу иродаи худ доир ба қабули қонуни сарнавиштсоз, санаде, ки ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян менамояд, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Конститутсия худ чист? Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ташкили ҳокимияти давлатиро муайян мекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – қувваи олии ҳуқуқии санади меъёрии ҳуқуқӣ, мустаҳкамкунандаи асоси сиёсӣ, низоми ҳуқуқӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ инчунин, асоси ҳолати ҳуқуқии шахс аст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – олитарин шакли ҳуқуқӣ, ки дар он расман сарвати қиматбаҳо, институтҳо ва арзиши сохти конститутсионии Тоҷикистон, асосҳои давлатӣ-ҳуқуқии идоракунии сифатнокии ҷамъиятҳои алоқа ва муносибатҳо, баробарии асоси сохти ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шакли идоракунӣ ва тақсимоти маъмурию-ҳудудӣ, асосҳои ташкили мақоми марказӣ ва маҳаллии ҳокимият, салоҳият ва муносибатҳои онҳо мустаҳкам шудаанд.
Конститутсия қонуни асосии давлат буда, сохти ҷомеа ва шакли давлатдориро муайян мекунад. Бинобар ин, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи нави кишвар рӯйдоди воқеан муҳим гардид.
Конститутсия ба сифати қонуни олии давлат принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро муайян намуда, муносибатҳои вобаста ба татбиқи ҳокимияти сиёсӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро танзим мекунад.
Дар Конститутсия таъкид шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин меъёри конститутсионӣ дар радифи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани давлат мӯҳтавои иҷтимоии онро ифода менамояд.
Яке аз талаботи муҳими Конститутсия ин риояи ҳатмии муқаррароти он ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигарон мебошад. Барои расидан ба ин мақсад пеш аз ҳама зарур аст, ки шаҳрвандон меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳоро донанд ва эҳтиром намоянд.
Конститутсия истилоҳи лотинӣ буда, маънои ташкил додан, барпо намудан, бунёд гузоштан, эҷод ва таъсис карданро ифода менамояд ва таърихи бисёрсола дорад. Ба ин маъно Конститутсия қонуни асосии давлат мебошад, ки дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, асосҳои сохтори давлатӣ, ташкили ҳокимияти давлатӣ ва авзои ҳуқуқии шахсро муайян месозад.
Баъд аз қабули Конститутсия 6 ноябри соли 1994 дар райпурсии умумихалқӣ, ҷамъияти Тоҷикистон ба зинаи нави тараққиёт расид, муносибатҳои нави барои давлат бисёр ҳам муҳим ба вуҷуд омаданд, ки онҳо танҳо ба меъёрҳои конститутсионӣ танзим шуда метавонистанд.
Бинобар ин, 26 сентябри соли 1999 ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Бо инкишофи давлат ва ҷамъият 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсия боз тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Тағйиру иловаҳои мазкур бо роҳи райпурсии умумихалқӣ аз ҷониби халқи Тоҷикистон қабул гардид.
Конституцияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даҳ боб ва 100 модда иборат буда, масъалаҳои муҳимтаринро танзми намудааст.
Масалан, боби якум асосҳои сохтори конститутсиониро муқаррар кардааст. Тибқи он ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёри ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлати буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амали мегардонад. Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.
Боби дуюм ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро муайян менамояд. Мутобиқи он:
– ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд;
– ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад;
– ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин;
– ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад;
– манзили шахс дахлнопазир аст ва ғайраҳо.
Мувофиқи боби сеюми Конститутсия парламенти ҷумҳурӣ – Маҷлиси Олӣ аз ду палата – Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ иборат аст. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад.
Тибқи Конститутсия (Боби чаҳорум) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб менамоянд.
Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 35 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад.
Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд. Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.
Бояд қайд намуд, ки тибқи Конститутсия Президент низоми пулиро муайян намуда, Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯро ба вазифа таъин ва озод мекунад.
Конститутсия пешбинӣ кардааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як вилояти мухтор – Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мавҷуд аст, ки он қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар Тоҷикистон тибқи Конститутсия ҳокимияти судиро суд ба амал мебарорад. Суд мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.
Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд.
Тағйиру иловаҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад. Раъйпурсиро Президент ва ё Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъин мекунанд.
Конститутсия муқаррар кардааст, ки шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.
Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Конститутсия ба таъмини озодиву ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии сухан, озодии виҷдон ва амсоли инҳо, чун қонуни асосӣ кафолат медиҳад.
Конститутсия қонуни асосии давлат буда, сохти ҷомеа ва шакли давлатдориро муайян мекунад.
Дар охир қайд менамоем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи ҳуқуқии тамоми саҳаҳои ҳуқуқи Тоҷикистон мебошад.