ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнл» ба низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ шомил гардид

ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнл» ба низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ шомил гардид

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкило ти амонатии қарзии хурди “ Имон Интернешнл ” санаи 27 марти соли 2013 ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ таҳти №44 дохил карда шуда, ба ӯ Тасдиқнома дар бораи узвият дода шуд.

Ҳамин тавр, айни замон шумораи ташкилотҳои қарзии узви Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба 44 адад расид, ки 13-тои он бонкҳо ва 31-тои он ташкилотҳои амонатии қарзии хурд мебошад.