Вохӯрии роҳбарияти Хазина бо ҳайати коршиносони Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ
Санаи 11 декабри соли 2023 и.в. Раиси Хазина Асоев М.Қ. дар бинои Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи кӯмаки техникии Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба «Тақвияти бахши молиявӣ дар Тоҷикистон – Марҳилаи дуюм ва лоиҳаи рушди бахши хусусӣ ва молиявӣ» бо ҳайати коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ – Пиетро Каличе, Анита Окемини ва Росен Николов мулоқот доир намуд.
Дар рафти вохӯриҳо ҷонибҳо оид ба вазъи ҷории низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, масъалаҳои мубрами раванди батанзимдарории ташкилотҳои қарзӣ, баррасии заминаи ҳуқуқии раванди батанзимдарорӣ, муайян намудани норасоиҳои дар самти мазкур мавҷуда, раванди сармоягузории маблағи Хазина, гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани потенсиали кормандони Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои дигари мавриди назари тарафайнро табодули назар карданд.
Дар анҷоми мулоқот масъалаҳои зикргардида мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо барои густариш минбаъдаи ҳамкориҳои тарафайн изҳорӣ ҳавасмандии худро баён намуданд.