Таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо” дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина
15.11.2022
Ҳамасола санаи 31 октябр дар тамоми кишварҳои ҷаҳон «Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо» (World Savings Day) таҷлил мегардад, ки ҳадафи асосии он тарғибу ташвиқи самаранокии пасандозҳои бонкӣ ва баландбардории саводнокии молиявии шаҳрвандон мебошад.
Аҳамияти бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд дар афзун намудани ҳаҷми пасандозҳо, бахусус тавассути ҷалби пасандозҳои аҳолӣ, ки дар ташкилотҳои қарзӣ суратҳисоби бонкӣ надоранд, зиёд мебошад. Аз ин лиҳоз, соли ҷорӣ низ бо тавсияи Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд Хазина) аз ҷониби ташкилотҳои қарзии узви Хазина бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла озмунҳо, вохӯриҳо, тренингҳо ва семинарҳо доир гардиданд, ки дар онҳо зиёда аз панҷ ҳазор нафар шаҳрвандон иштирок намуданд. Имсол махсусан, барои баланд бардоштани маърифати молиявии ҷавонон ва наврасон, аз ҷумла оид ба моҳияти пасандоз, суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, самаранок истифода кардани маблағҳои пулӣ ва буҷети оилавӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар соли ҷорӣ низ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии узви Хазина ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”,ҶСК “Алиф Бонк”,ҶСК “Коммерсбонк Тоҷикистон”, ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”, ҶДММ ТАҚХ “Фазо С”, ҶДММ ТАҚХ “Арғун”, ҶДММ ТАҚХ “Финка”, ҶСП ТАҚХ “Ардо Капитал”, ҶДММ ТАҚХ “Азизӣ-Молия” ва ҶДММ ТАҚХ “Пайванд Гуруҳ” бо баргузории чорабиниҳои гуногун рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо фаъолона таҷлил карда шуд. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимӣ ба хонандагони мактабҳои миёна, коллеҷу донишкадаҳо чорабиниҳои гуногун аз қабили озмунҳо, вохӯриҳо ва семинарҳо гузаронида шуд, ки дар онҳо презентатсияҳо доир ба мафҳуми пасандоз ва самаранокии он, саводнокии молиявӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои пасандоздорон ва суғурта гардидани онҳо аз ҷониби Хазина, қоидаҳои асосии молиявӣ ва тарзи дуруст истифодабарии маблағҳои пасандозӣ пешниҳод карда шуд.
Дар рафти гузаронидани чорабиниҳо мазкур маълум гардид, ки савияи дониши хонандагон оид ба мафҳумҳои молиявӣ, сарфакорӣ ва истифодаи дурусти маблағҳо нисбат ба солҳои қаблӣ тадриҷан баланд шуда истодааст. Омили мазкур аз самаранокии чорабиниҳои таълимӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзии узви Хазина гузаронида мешаванд, шаҳодат медиҳад.
Дар истифода аз маврид Хазина ба ташкилотҳои қарзие, ки Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳоро фаъолона таҷлил намуданд миннатдории самимии худро баён менамояд.
- Оид ба таърихи Рӯзи умумичахонии пасандозхо
Таърихи қайд кардани Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо аз Конгресси (ҳамоиши) якуми бонкҳои амонатии 29 кишварҳои дунё, ки дар шаҳри Милан (Итолиё) соли 1924 баргузор гардида буд, оғоз меёбад. Бо пешниҳоди Филиппо Равизза ном профессори итолиёвӣ рӯзи охирини конгресси мазкур «Рӯзи байналмилалии пасандозҳо» эълон ва аз ҷониби иштирокчиёни он дастгирӣ гардид. Ҳадаф аз ин, пайваста тарғибу ташвиқ намудани аҳли ҷомеа оиди афзалиятҳои амонат гузоштани пулҳои худ дар бонкҳо назар ба нигоҳдории онҳо дар хонаву зери “матрасҳо” буд.