Тағйирот дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии аъзои низоми суғуртаи амонату пасандозҳо

Тағйирот дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии аъзои низоми суғуртаи амонату пасандозҳо

02.10.2023

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки бо назардошти қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13.09.2023 сол, таҳти №96 аз ҷониби Хазина ба ҶСП “Актив Бонк” санаи 02.10.2023 сол тасдиқнома дар бораи узвият ба Хазина таҳти №70 дода шуд.

Ҳамзамон, тасдиқномаи №011 ҶСП “Халиқ Бонк Тоҷикистон” аз санаи 22 ноябри соли 2019 додашуда, бинобар иваз шудани номи ҶСП “Халиқ Бонк Тоҷикистон” ба ҶСП “Актив Бонк” аз эътибор соқит карда шуд.

Вобаста ба ин, аз ҷониби Хазина дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо сабти дахлдор ворид карда шуд.