Шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ зиёд гардид

Шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ зиёд гардид

23.01.2023

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз санаи 14 декабри соли 2022, №141 ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкилоти амонатии қарзии хурди “Шукр Молия” иҷозатнома барои ҷалби амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ дода шуд.

Бо назардошти ин, аз ҷониби Хазина ба ҶСП ТАҚХ “Шукр Молия” Тасдиқнома дар бораи узвият аз санаи 23 январи соли 2023, таҳти №066 дода шуд ва ҶСП ТАҚХ “Шукр Молия” ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дохил карда шуд.