Шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ зиёд гардид
10.02.2023
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз санаи 14 декабри соли 2022, №140 ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Эмин Сармоя” иҷозатнома барои ҷалби амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ дода шуд.
Бо назардошти ин, аз ҷониби Хазина ба ҶДММ ТАҚХ “Эмин Сармоя” Тасдиқнома дар бораи узвият аз санаи 08 феврали соли 2023, таҳти №068 дода шуд ва ҶДММ ТАҚХ “Эмин Сармоя” ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дохил карда шуд.
Views: 192