Шарҳи вазъи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дар семоҳаи дуюми соли 2024

22.07.2024

Шарҳи вазъи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дар семоҳаи дуюми соли 2024

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон фаъолияти худро дар семоҳаи дуюми соли 2024 баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздорон, таъмини фаъолияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, мусоидат ба нигоҳдории суботи низоми молиявӣ ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуд.

Ҷиҳати таъмини шаффофият ва маълумотдиҳӣ дар раванди доимии корӣ, маводи таҳлилӣ-итттилоотии “Шарҳи вазъи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо” мунтазам омода ва пешниҳод карда мешавад. Шарҳи вазъи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дар семоҳаи дуюми соли 2024 маълумоти мухтасарро оид ба иштироки ташкилотҳои қарзӣ дар низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, ҳаҷми умумии пасандозҳои суғурташуда ва сохтори он, шумораи пасандоздорони суғурташуда ва ҳиссаи пасандоздорони пурра суғурташуда, уҳдадории суғуртавии Хазина ва афзоиши он, сохтори уҳдадории суғуртавии Хазина дар бар мегирад. Инчунин, дар он оиди ҳолатҳои суғуртавӣ дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина, фаъолияти сармоягузории Хазина, фаъолияти ташвиқот ва робита бо ҷомеа дар давраи ҳисоботӣ дарҷ карда шудааст. 

Шарҳи вазъи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо   Семоҳаи 2/2024