Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо

Ҳамасола санаи 31 октябр дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо (World Savings Day) ҷашн гирифта мешавад.

Ташкилотҳои қарзии узви Хазина имсол низ ин рӯзро бо баргузории чорабиниҳои гуногун фаъолона қайд карданд.  Дар тӯли як ҳафта бахшида ба ин рӯз вохӯриҳо бо аҳолӣ оид ба фаҳмонда додани моҳияти пасандозҳо, пешниҳоди намудҳои гуногуни хизматрасонии пасандозӣ, дарсҳои кушод дар мактабҳои миёна ва донишкадаҳои олӣ, семинарҳо, озмунҳо ва иқдомҳои гуногун оид ба ҷалби пасандозҳо баргузор карда шуданд, ки мақсади он баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ва ҷалби маблағҳои озоди шаҳрвандон ба низоми бонкӣ мебошад.

Гузаронидани чунин чорабиниҳо сатҳи дониши молиявии шаҳрвандонро баланд бардошта, малакаи онҳоро оиди сарфа ва истифодаи оқилонаи маблағҳои пулӣ ташаккул медиҳад.

Аз ҷумла дар сомона ва саҳифаҳои иҷтимоии ташкилотҳои қарзии узви Хазина: ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСП “Кафолатбонк”, ҶСП “Бонки байналмиллалии Тоҷикистон”, ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”, филиали бонки “Тиҷорат”-и ҶИЭ дар шаҳри Душанбе, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСП ТАҚХ “Спитамен бонк”, ҶДММ ТАҚХ “Тамвил”, ҶДММ ТАҚХ “Фазо С”, ҶДММ ТАҚХ “Азизӣ-Молия”, ҶСП ТАҚХ “Ардо Капитал”, ҶДММ ТАҚХ “Зудамал” ҳисоботҳои аксӣ оид ба чорабиниҳои баргузоршуда ҷойгир карда шудаанд.