Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ба ҳайати аъзоёни Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ шомил гардид

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ба ҳайати аъзоёни Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ шомил гардид

01.02.2024

Бо мақсади таъмини фаъолияти босамари сармоягузории маблағҳои озоди худ, дархости Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ҷиҳати шомил шудан ба ҳайати аъзоёни Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ қонеъ карда шуд. Ҳамин тариқ, бо қарори Шӯрои нозирони ҶСК “Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ” Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии бевосита оид ба амал намудан дар бозори коғазҳои қиматнокӣ давлатӣ (иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок) ба майдони савдои “фондӣ” қабул карда шуд.