Хазина дар музоядаҳои фуруши Вомбаргҳои давлатӣ иштирок намуд
Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар моҳи январи соли 2024 Хазина бо мақсади таъмини фаъолияти босамари сармоягузории маблағҳои озоди худ дар музоядаҳои фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ (Вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) иштирок намуда, дархости Хазина мувофиқан аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муҳлатнокиҳои 6 – моҳа, 1 – сола ва 2 – сола бо фоизҳои бозории аз 8 то 12 фоиз бароварда шуда буданд.
Views: 23