Хазина дар музоядаҳои фурӯши Вомбаргҳои давлатӣ иштирок намуд

Хазина дар музоядаҳои фурӯши Вомбаргҳои давлатӣ иштирок намуд

16.07.2024

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади таъмини фаъолияти босамари сармоягузории маблағҳои озоди худ Хазина санаи 16 июли соли 2024 дар музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ (Вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҶСП “Биржаи фондии Осиёи марказӣ” гузаронида шуд, иштирок намуда, аз рӯи натиҷаи он дархости Хазина дар ҳаҷми 20 млн. сомонӣ мувофиқан қонеъ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки Вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати молия дар ҳаҷми 50 млн. сомонӣ бо муҳлатнокии 6 – моҳа ва бо фоизи бозории то 8 фоизи солона бароварда шуда буданд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, Хазина барои талошҳои Ҳукумати мамлакат ва Вазорати молия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интишори коғазҳои қиматноки давлатии ҷолибноку рақобатпазир, ки ба рушди бозори сармоя дар кишвар равона гардидааст, арзи сипос баён менамояд.