Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 02 октябри соли 2024, №0000327 ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди ЛОЛС “Молия” иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дода шуд.
Бо дарназардошти ин, аз ҷониби Хазина ба ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС “Молия” тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” Тасдиқнома дар бораи узвият ба Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон аз санаи 14 октябри соли 2024, таҳти №071 дода шуда дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо мувофиқан тағйироти дахлдор ворид карда шуд.
Бояд қайд кард, ки ташкилоти қарзии мазкур дар натиҷаи ивази ном аз ҶДММ ТАҚХ “Фазо С” ба ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС “Молия” таъсис дода шудааст. Вобаста ба ин, Тасдиқномаи ҶДММ ТАҚХ “Фазо С” дар бораи узвият ба Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон аз 19 июни соли 2023, №20 аз эътибор соқит дониста шуд.