Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ”

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ”

30.03.2023

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсон воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки 15 марти соли 2023 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ба имзо расонида шуд.

Қонуни мазкур дар рӯзномаи расмии кишвар “Ҷумҳурият” таҳти №62 (24 673) аз 24 марти соли 2023 ба нашр расида, эътибори қонунӣ пайдо кард.

Бояд зикр намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) ва бо иштироки мутахассисони ҷалбнамудаи Бонки ҷаҳонӣ дар доираи иҷрои Матритсаи чораҳои сиёсии «Барномаи таҳкими бахши молиявӣ ва идоракунии фискалӣ»-и Бонки осиёии рушд таҳия гардид.

Тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздорон, тавсеа додани фаъолияти низоми суғуртаи пасандозҳо, васеъ намудани миқёси фарогирии суғуртавии пасандоздорон, таҳкими устувории молиявии Хазина ва зиёд намудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар равона гардидаанд.

Мутобиқи тағйиру иловаҳои воридгардида доираи объект­ҳои ҳатмии суғурта васеъ шуда, минбаъд дар қатори пасандозҳои шахсони воқеӣ, инчунин суратҳисобҳои амонатию пасандозии соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ бо суғуртакунӣ фаро гирифта мешаванд. Бинобар ин, номи қонуни амалкунанда дар таҳрири нав — «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо» муайян карда шуда, Хазина низ ҳамчун “Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон” номгузорӣ карда шудааст. Бо мақсади дар қонунҳои алоҳида ба назар гирифтани номи ивазшавандаи қонун ва Хазина, тағйирот ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ», «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Мутобиқи тағйиру иловаҳои ба Қонун воридшуда андозаи ҷубронпулӣ барои амонату пасандозҳои суғурташуда бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ новобаста аз намуди асъор ба таври равшану возеҳ дар як андозаи мушаххас, яъне на бештар аз 35000 сомонӣ муқаррар карда шуд. Муҳлати оғоз гардидани пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон на дертар аз 14 рӯзи пас аз ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ муайян гардид.

Дар назар аст, ки бо қабули Қонуни мазкур фаъолияти Хазина ҷанбаҳои хуби таҷрибаи байналмилалиро фаро гирифта, дастгирии молиявии пасандоздорон ҳангоми барҳамдиҳии маҷбурии ташкилотҳои қарзӣ бо афзудани ҷуброни суғурта ва бо фарогирии шахсони воқеӣ, инчунин соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ беҳтар ва самарабахш гардида, ҷиҳати бештар ва устувор гардидани боварӣ ва афзоиши амонату пасандозҳо дар низоми бонкӣ мусоидат менамояд.

Вобаста ба ин, Хазина айни ҳол маҷмӯи чорабиниҳоро ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ва таҷдиди назар намудани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилӣ, баҳисобгирии пардохтпулиҳо, таҳлилу арзёбии сохтори пасандозҳо, инчунин раванди корҳои фаҳмондадиҳиро ба ташкилотҳои қарзӣ андешида истодааст.

Қайд намудан зарур аст, ки Қонуни мазкур 3 моҳ пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.

 

Барои маълумот: